Информация к новости
  • Просмотров: 7163
  • Автор: РОО НУР
  • Дата: 02-2014
02-2014

Сӯгномаи устод Боғшоҳ Лашкарбеков

Категория: Персоны

Рузи якшанбе, 2 феврали соли 2014, устод Богшо Лашкарбеков – эроншиноси номиву пажухишгари забонхои эронии шарки – чон ба чонофарин супурду моро дар суги худ нишонд.

Устод Богшо Лашкарбеков 66 сол пеш аз ин дар хамин руз, яъне 2 феврали соли 1948 дар дехаи Зугванд, аз рустохои Вахон, дида ба чахон кушода буд. Он руз ки у зода шуд, падараш аз чахон даргузашт, аз ин ру ба ёди падараш уро Богшо номиданд. Вай пас аз омузиш дар дабистони зодгохаш соли 1964 шахри Душанбе рафт ва донишчуи бахши забони фаронсавии Донишкадаи забонхои хоричии Донишгохи омузгории Точикистон шуд ва онро дар соли 1969 бо дарёфти донишномаи омузгори забони фаронса ба поён бурд. Дар соли 1973 донишчуи дуктуро дар Пажухишкадаи забоншиносии Фархангистони улуми Иттиходи Шурави дар Ленинград шуд ва онро дар соли 1977 бо дифоъ аз рисолаи номзадии улуми забоншиноси ба поён расонд.